Ба гузориши хабарии «Абно», рӯзномаи амрикоии «Вол Стрит Ҷорнал» хабар дод, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон самаранокии худро дар муқобили системаи ТАД-и Амрико собит кардаанд.
Дар ин гузориш омадааст, ҳамин масъала ба эҳтимоли зиёд боиси ҷалби таваҷҷӯҳи Русия гардад.
«Вол Стрит Ҷорнал» илова кард, ки радарҳои системаи ТАД дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба Урдун ва Аморат аз даст рафтанд. Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки ҷанг алайҳи Эрон ба Чин, Русия ва Кореяи Шимолӣ як фурсати нодир барои шинохтани маҳдудиятҳои артиши Амрико офарид.
Қобили зикр аст, ки гузоришҳои марбут ба хисоротҳои воридшуда ба мавоқеи Амрико дар минтақа аз ҷониби расонаҳои байналмилалӣ ба таври қатра-қатра дар сояи сенсураи шадиди аъмолшуда бар ин расонаҳо пай дар пай мунташир мешавад.
Пештар низ «Дифенс Секюрити Асиё» дар гузорише фош кард, ки ҷангандаи F-5-и Эрон муваффақ шуд сарфи назар аз вуҷуди системаҳои муссилии Патриот, раҳгирҳои кӯтоҳмуддат ва пӯшиши радарии мукаммали доимӣ, пойгоҳи Амрикоро дар Кувайт бомбаборон кунад.
Як рӯзномаи амрикоӣ ба қудрати ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон дар муқобили системаи ТАД-и ин кишвар эътироф кард.
Your Comment